Tag Archives: хушдоман

Луқма аз бахши «Хушдоманғайбат»

Стандартный

Cтюаpдесcа дар ҳавопаймо эълон мекунад:
— Бори тайёра аз ҳад вазнин шудааст, агар он сабук нашавад, эҳтимол мо ба садама дучор шавем. Аз ин рӯ зарур аст, ки як мусофирро партоем.
Садои марде шунида мешавад:
— Мисли ҳамешагӣ. Ҳар вақт хушдоман лозим нест, пайдо мешавад, вақте лозим аст, нест.

Луқма аз бахши «Хушдоманғайбат»

Стандартный

Муфаттиш аз шоҳид мепурсад:
— Шумо дидед, ки як марди бегона чӣ тавр хушдоманатонро зери мушту лагад гирифт, барои чӣ зуд ба ёрӣ нашитофтед?
— Рафиқ муфаттиш, як кампирро дукаса лату куб кардан аз рӯйи инсоф нест!

Луқма аз бахши «Хушдоманғайбат»

Стандартный

-Ҳа, ҷӯра, чӣ ин қадар хурсандӣ?
-Барои хушдоманам роҳхат ба Испания харидам.
— Аз кадом ширкат?
— Номаш «Ҷаҳонгардӣ».
— Эээҳааа! Ин ширкат одамонро фиреб мекунад. Муштариёнашро бурда дар фурудгоҳ мегузораду дигар суроғашон намекунад.
— Ман медонам……

Луқма аз бахши «Хушдоманғайбат»

Стандартный

-Дина шаб занам бемори вазнин шуд. Ин субҳ барои нигоҳубин кардани вай хушдоманам хона омад.
-Ъмдааа, дуруст мегӯянд, ки бадбахтӣ ҳеч гоҳ танҳо намеояд …

Луқма аз бахши «Хушдоманғайбат»

Стандартный

Дузде бонкро ғорат карда, нафарони онҷо қарордоштаро асир мегирад. Аз як нафар мепурсад:
-Ту дидӣ, ки ман чӣ гуна бонкро ба яғмо задам?
-Бале,-ҷавоб медиҳад мард. Дузд бидуни ҳеч мулоҳиза ба пешонияш тир холӣ мекунад.
-Боз кӣ дид? Марде ҳаросон садо медиҳад:
-Хушдомани ман!

Заметка

Марде назди табиб омада бо сароҳат нақл мекунад:
-Духтурҷон, тасаввур намекунед, ки ман чӣ гуна хобҳои даҳшатнок мебинам… Ҳамин ки чашмамро мепушам, пеши назарам хушдоманамро мебинам, ки дар кӯча ҳамроҳи крокодил сайру гашт дорад. Дандонҳои калон калони каҷу килеб, бӯйи даҳонаш тамоми ҷонзотро то ба ҳафт чақрим беҳуш мегардонад, даҳшатангезу бадҳайбат…
— Оҳо, воқеан, даҳшат…
— Эҳа, ин ҳоло чӣ, ман ҳозир дар бораи крокодил нақл накардаам!

Луқма аз бахши «Хушдоманғайбат»

Заметка

Дар Сирк: — Падарҷон, барои чӣ он мард сарашро ба даҳони шер тела медиҳад?
-Э, бачам, вақте калон мешавию хушдоманат тамоми умр дар хонаи ту зиндагӣ кардан мехоҳад, саратро ба кучоҳое намеандозӣ.

Луқма аз бахши «Хушдоманғайбат»