Набиюллоҳи Суннатӣ

Бӯсаи шифобахш

Боғбони солхӯрдаи боғи ба номи Рудакӣ ҳар рӯз чун одат бехи гулу гулбуттаҳоро нарм мекард. Дар ҳар харакчаҳо ҷуфт ҷуфт духтару писарон сар ба сар монда менишастанд. Чун ӯ низ одат карда буд, ки ба ин гуна макони ошиқону бӯсагоҳи дилдодагон ҳар рӯз дуздида дуздида тамошо кунад ва гоҳе суханони онҳоро дар паси гулбуттаҳо пинҳон шуда гӯш кунад. Рӯзе ду дилдодаро дид, ки дар харакчае менишастанду ҷавон аз духтар худро дуртар гирифта сӯҳбат мекард. Пирамароди боғбон пайхас кард, ки ин мулоқоти аввалин онҳост. Ба ногоҳ ба хотираш зад, ки дар айёми ҷавониша ин гуна мисли ҷавонҳои имрӯз бешарму беиффат набуд. Ҳатто ба хотир овард, ки дасти духтарро аввалин шаби тӯяш қапидааст. Он ҳам ҳамин зани серҷоғаш. Имрӯза ҷавонҳоро даруни дил маломат карда, ба ҳар ҳол таги гулбутта пинҳон шуд ва хост мулоқоти аввалинро гӯш кунад. Духтар дид, ки аз тарафи ҷавон ягон амалкарде нест, худаш хост писарро «заводить» кунад. Якбора бо нозу истиғно гуфт:
-Ҳамин сарам дард мекунад, э вой мемурам,-ангор сарашро бо дастонаш дошт.
Писар ҳам дид, ки бояд ягон амале нишон диҳад ва якбора:
-Э сари сагу гурбаҳо дард кунад,-гӯён аз китфи духтар дошту сарашро бӯсид.
Духтар ҳам якбора шодикунон:
-Бӯсаи шумо шифобахш будааст, дарди сарам монд, гуфта аз рухсораи писар ба ҷои миннатдорӣ бӯсид.
Пирамард аз паси гул ҳайрон шуд а ба худ гуфт ки наход бӯса ҳам шифобахш бошад.
Духтар бо нозу карашма илова кард:
-Аз саҳар боз дар хона дегу табақшӯӣ доштам, руфту руб зиёд буд, дастонам ҳам чунон дард дорад, ки…
-Э дастони хару говҳо дард кунад,-гӯён писар аз панҷаи духтар сар карда токитофнаш бӯсаборон кард.
Духтар хушҳол шуд боз:
Бӯса шумо дар ҳақиқат шифобахш будааст азизам, дарди дастам ҳам монд, -гуфта шодикунон писарро ба оғушаш танг кашид.
Пирамард ҳайрон шуд ва бовар кард, ки бӯсаи ҷавон воқеан шифобахш аст. Ҳамин дам шунид, ки боз духтар ба шикоят даромад:
-Бо дугонаҳоям ба яхмосхӯрӣ рафтем, яхмос ба дандонам асар кардааст, дандонам чунон дард мекунад, ки тоқатам тоқ шуда истодааст.
-Вай-вай-вай, дандони крокодилу бегемотҳо дард кунад, дандони шумо асло дарда набинад,-гӯён духтарро ба оғушаш кашида расо ним соат лабашро наканда лаби духтарро макиду бӯсид.
Пирамард, ки ҳайрону ШОК гашта, ин манзараро пинҳон шуда назар мекард ва интизори он буд, ки оё воқеан ин бӯсаи писар таъсир мекунад ё не. Баъди ним соат духтар лабашро аз лаби писар гирифту бо хурсандӣ:
-Воқеан бӯсаи шумо шифобахш ҷону дилакам, дарди дандонам тапа-тахт монд,-гуфта ба бағали писар баромада нишаста гирифт.
Пирамард ҳам дигар худдорӣ карда натавонисту аз қабати гулбутта якбора ҷаҳида пеши писару духтар қарор гирифт. Ду дилдода тарсида хостанд гурезанд, ки мабодо пирамард онҳоро маломат мекунад. Пирамард бо зораву тавалло онҳоро аз роҳашон нигоҳ дошт. Ва гуфт:
-Бачем мебинам, ки бӯсаи ту воқеан шифобахш будааст, инак омада пеши ту.
Ҷавонписари тарсида камтар шердил шуду худро ба даст гирифта:
-Хӯш бобо, чӣ хизмат ҳаст,-гуфта ба мазоҳ гузашт,- ягон духтар ё келинат бемор шудааст?,-иловва кард бо заҳрханда.
-Не не писарам, ман дигар хоҳиш дорам.
-Ку бигӯ чӣ хоҳиш дорӣ?
-Ҳамин бачем, ҳамин сабилмондаи ГЕМАРРОЙ 30 сол аст, ки азобам медиҳад, духтури нарафтагиам намонд. Илтимос як ҳамуна масъалаша дида баро,-гуфту хам шуда шимашро то зону…..

Оставьте комментарий