Луқма аз бахши «Бе дуруғ» (99%)

Стандартный

Аз нақли чанд шоҳид

Маҳмадулло Саидалиев, раиси ноҳияи Данғара рӯзи сешанбеи 16-уми июл дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон хитоб ба додситони ноҳияи Данғара гуфт, нисбати Гурез Ҳасанов, сардабири нашрияи ноҳиявии «Симои Данғара» парванда боз кунад. Ҷаноби Саидалиев, сабаби ин амрашро ба он рабт дод, ки «пеш аз моҳи Рамазон Гурез Ҳасанов бо нашри матлабе дар нашрияи «Симои Данғара» гирифтани рӯза барои занони ҳомиларо ташвиқ кардааст ва ин амр боиси афзоиши мавориди бачапартоии занон дар ноҳия шудааст».

Ба таъкиди раиси ноҳия, аз авали моҳи Рамазон, яъне муддати як ҳафтаи ахир дар ноҳияи Данғара беш аз 10 мавриди бачапартоии занони ҳомила сабт шудааст.

Реклама

Луқма аз бахши «Бе дуруғ» (99%)

Стандартный

Аз нақли Ҷ. Сайфиддинов

Вақте Душанбе кор мекардам ва дар як ҳафта 1 бор рӯзҳои истироҳат деҳа мерафтам. Рӯзе шуд, ки нобаҳангом хона рафтам. Бибихотун бо қавоқи овезон пешвоз гирифт, ки дар рӯзи 19-солагии тӯямон як туҳфае ҳам наовардӣ. Ман ки он рӯз берун аз нақша рӯзи чоршанбе хона рафта будам, гуфтам: «Бовар карданӣ нест, ту охир худат 17-сола менамоию чӣ тур 19- сол аз издивоҷамон гузаштааст?!»
Ҳамин тариқ бори аввал ман дар хонаам бегоҳи хӯроки якуму дуввуму севум хурдам…

Луқма аз бахши «Пагонбакитфҳо»

Стандартный

Дар Амрико маҳорати кашфи ҷиноят миёни кормандони милисаро месанҷанд. Дар ҷангале харгушеро раҳо карда ва комиссияи махсус интизор мешавад, ки намояндаҳои кадом давлат харгушро зуд пайдо мекунанд. Милиссаҳои Олмон бо таҷҳизоту снайпер вориди ҷангал мешаванд ва пас аз ду руз харгушро боздошт мекунанд. Намояндаҳои Амрико бо тамоми дастгоҳу муҳимот ин корро дар як рӯз мекунанд. Ду милиссаи тоҷик дар даст папка вориди ҷангал мешаванд. Аъзоёни комиссия дар ҳайрат мемонад. Пас аз ду соат ин милисаҳо бармегарданд ва хирсе ҳамроҳашон. Хирс ба аъзои комиссия мегӯяд, ман харгуш ҳастам, дар куҷо имзо кунам, ки шумо бовар мекунед?

 

 

 

 

Луқма аз бахши «Маҷнуну Лайлии асри 21»

Стандартный

— Манижа, росташро гӯй, агар ман на бо «Мерседес», балки бо Жигулии ВАЗ 21011 аз наздат мегузаштам ва пешниҳод мекардам, ки «бишин, то манзилат мебарам» менишастӣ?
— Ба ту чӣ хел фаҳмонам Салим… Агар дар ҳамон роҳи гуфтаи ту ман бо либоси ҷулидаву оддӣ мешудам, на бо пироҳани ҳазор доллараву зару зевар ту мошинро нигоҳ медоштӣ?

Луқма аз бахши «99%» (Бе дурӯғ)

Стандартный

Аз нақли Абдувалӣ Нодирӣ

Ҷавоне дар роҳ дӯсти донишҷӯяшро мебинад, ки телевизори калонеро бардошта базур ҳаракат мекунад.
-Инро аз куҷо гирифтӣ?
-Як духтари зебо маро ба хонааш даъват кард. Либосҳояшро кашиду худро болои диван ҳаво дода гуфт, ки «метавонӣ аз ҳама чизи боарзиштарини маро бигирӣ». Ман бе ҳеч дудилагӣ телевизорашро гирифтаму баромадам…

Луқма аз бахши «99%» (Бе дурӯғ)

Стандартный

Аз нақли Беҳрӯзи Забеҳулло

Муҳаммадризо писари хурдиам 5-сола шуд. Бо модараш дарди дил карда гуфтааст: Мехоҳам бобом зудтар пир шавад!
Гуфтанд: Чаро?
Гуфтааст: Чаро ки мехоҳам компютераш моли ман шавад!

Луқма аз бахши «Хушдоманғайбат»

Стандартный

Cтюаpдесcа дар ҳавопаймо эълон мекунад:
— Бори тайёра аз ҳад вазнин шудааст, агар он сабук нашавад, эҳтимол мо ба садама дучор шавем. Аз ин рӯ зарур аст, ки як мусофирро партоем.
Садои марде шунида мешавад:
— Мисли ҳамешагӣ. Ҳар вақт хушдоман лозим нест, пайдо мешавад, вақте лозим аст, нест.

Луқма аз бахши «Хушдоманғайбат»

Стандартный

Муфаттиш аз шоҳид мепурсад:
— Шумо дидед, ки як марди бегона чӣ тавр хушдоманатонро зери мушту лагад гирифт, барои чӣ зуд ба ёрӣ нашитофтед?
— Рафиқ муфаттиш, як кампирро дукаса лату куб кардан аз рӯйи инсоф нест!

Луқма аз бахши «99%» (Бе дурӯғ)

Стандартный

Аз нақли Алишер Зарипов

Як субҳ дар лифти ГЖК нишаста, қасди пахш кардани тугмаи ошёнаи «9»-ро доштам, ки духтаре вориди лифт шуд. Чун ӯро бори аввал медидам, пурсидам, ки «ту ҳам дар ГЖК кор мекунӣ»? Духтарак бо ишораи тасдиқ сар ҷунбонд. Пурсидам, ки дар кадом нашрия?
-Дар ҳаштум этаж,-ҷавоб дод духтарак.
-Хеле хуб, аммо дар кадом нашрия, -боз суол додам.
Духтарак худашро гум карда, ҳиҷолатзада гуфт:
-Хуршеди Атовулло…

Луқма аз бахши «Соли нав» (Аралашбод)

Стандартный

Якуми январ. Падару модар ба фарзанди донишҷӯяшон занг мезананд:
-Писарам, Соли навро чӣ гуна пешвоз гирифтӣ?
Писараки сархуш базӯр худро ба даст гирифта ҷавоб медиҳад:
-Ман ӯро пешвоз нагирифтам… Худаш омад.

Луқма аз бахши «99%»(Бе дуруғ)

Стандартный

Дар ҳамсоядеҳаамон марде зиндагӣ мекунад, ки бо сабаби кӯтоҳқад будан, Ҳасанак мегӯяндашд (номаш Ҳасан аст). Марди ҳозирҷавоб ва шухест. Шухиҳои зиёдеро аз забони ӯ нақл мекунанд, ки ҳоло яке аз онҳоро менависам…
Ҳасанак субҳи барвақт ба ҳезум рафта, шом панҷ дарза ҳезуми тари вазнинро ба хари лоғараш бор карда, меорад. Аз дарвозаи ҳавлӣ дарун шавам-нашавам, ки занаш фиғон мебардорад:
-Э беинсофи хонасӯхта. Наход одам ба хутики бечора ҳамин қадар ҳезум бор кунад? Ту раҳму шафқат дорӣ?
Ҳасанак бо садои пасту хиррие, ки дорад зуд ҷавоб медиҳад:
-Агар ма раҳму шафқат медоштам туро дар ҳаштсолагият ба занӣ мегирифтам?

Луқма аз бахши «Дӯстони одамизод»

Стандартный

Ду сагбача дар кӯча вомехӯранд. Аввалӣ:
— Ҳаф-ҳаф.
Дуюмӣ:
— Мяу-мяу.
Аввалӣ:
— Ту чӣ, девона-певона шудаӣ?
Дуюмӣ:
— Не, забони хориҷӣ меомӯзам!

Луқма аз бахши «Табибу ҳабиб»

Стандартный

Ҷарроҳ аз духтаре, ки дари утоқашро тақ-тақ карда даромад мепурсад:
-Аз чӣ шикоят дорӣ?
— Духтурҷон, маро дӯстписарам партофт!
— Бубахшед, аммо шумо бояд назди равоншинос равед…
— Ман аз ошёнаи дуюм ба замин афтидам ва тамоми аъзои баданам лат хӯрд.

Луқма аз бахши «БДА» (Пагонбакитфҳо)

Стандартный

Се навтоҷик ба моҳидорӣ мераванд. Итифоқан, ба шасти онҳо моҳии тилло меафтад. Ба фикр фурӯ мераванд, ки аз моҳӣ чӣ хоҳиш намоянд, зеро аз чизе танқисӣ намекашанд. Баъди фурсати тӯлонӣ навтоҷики якум ба моҳӣ хитоб мекунад:
— Маро ҳамеша кормандони БДА нигоҳ медоранд, аммо ягон вақт бо худ пули майда надорам…
Моҳӣ:
— Аз ин пас дар ҳамёни ту ҳамеша 50 долларӣ пайдо шудан мегирад.
Навтоҷики дуюм:
— Ҳамин тараканҳои хона дар ҷонам задаанд!
Моҳӣ:
— Ба ту як нонхӯраки хӯрд медиҳам. Он ҳамаи тараканҳоро мехӯрад ва баъд худаш аз пурхурӣ мекафад.
Навтоҷики се:
— Маро бошад, мушҳо ба ҷон расондаанд!
Моҳӣ:
— Ин мушчаро гир, вай ҳамаи мушҳои хонаатро мехӯрад ва дар охир худаш ҳам мемурад.
Навтоҷики аввал ба моҳӣ наздик шуда мегӯяд:
— Медонӣ-чӣ моҳичаи тилло, беҳтараш ба ман як БДА-ча тӯҳфа кун!

Луқма аз бахши «ДонишНоҷӯ»

Стандартный

-Кори дипломиятро хонда намешавад-ку. Он бояд тавре навишта шавад, ки ҳатто бесаводтарин одам мантиқи онро дарк кунад.
-Мефаҳмам, профессор, аммо ҳайронам, ки пас чаро шумо онро дарк накардед?