Муфаттиш аз шоҳид мепурсад:
— Шумо дидед, ки як марди бегона чӣ тавр хушдоманатонро зери мушту лагад гирифт, барои чӣ зуд ба ёрӣ нашитофтед?
— Рафиқ муфаттиш, як кампирро дукаса лату куб кардан аз рӯйи инсоф нест!

—————————————————————————————

Писар аз падараш мепурсад:
— Отаҷон, мор чӣ хел гап мезанад?
Падар ба хушдоманаш нигоҳ карда:
— Хайр, чаро хомӯшед? Набераатон кунҷковӣ дорад!

—————————————————————————————

Хушдоман ба келинаш занг зада:
— Корҳои писари ман чӣ хел?
— Э, холаҷон, напурсед, рӯзи дароз ҳолаш арақнушиву духтарбозӣ. Боз ҳамеша маро баҳудаву беҳуда зери мушту лагад мегирад….
— Худоро шукр, муҳим, ки касал нашавад!

—————————————————————————————

Хушдоман ба домод:
— Ту ба ин кӯдак чӣ мехонӣ?
— Афсонаи «Кулоҳсурхак» (Красная шапочка)-ро.
-Аҷаб афсонае. Гург бибиро хӯрд! Чӣ даҳшате! Кӣ менависад чунин афсонаҳоро?
— Домодҳо ба фикрам…

—————————————————————————————

— Зан дорӣ?
— Бале.
— Мор чӣ?
— Ту аллакай пурсидӣ.

—————————————————————————————

Ронанда ба нозири БДА:
— Командир! Ман суръати мошинро баланд накардаам!
— Чӣ хел исбот мекунӣ?
— Ман ба хонаи хушдоманам рафта истодаам!

—————————————————————————————

— Хушдомани дуюми ман аз аввалӣ дида бофаҳмтар аст-аз мушти нахуст зуд дарк мекунад.

—————————————————————————————

— Духтурҷон, вазъияти хушдомани ман чӣ хел аст?
— Мутаасифона, ӯро имрӯз ҷавоб медиҳанд.

—————————————————————————————

Хушдоман тилло аст ва тилло бояд дар зери замин бошад…

—————————————————————————————

— Чӣ ин қадар хурсандӣ?
— Хушдоманамро бо қатор гусел кардам!
— Пас, барои чӣ либосҳоят чиркину олуда?
— Роҳи оҳанро буса кардам…

—————————————————————————————

Cтюаpдесcа дар ҳавопаймо эълон мекунад:
— Бори тайёра аз ҳад вазнин шудааст, агар он сабук нашавад, эҳтимол мо ба садама дучор шавем. Аз ин рӯ зарур аст, ки як мусофирро партоем.
Садои марде шунида мешавад:
— Мисли ҳамешагӣ. Ҳар вақт хушдоман лозим нест, пайдо мешавад, вақте лозим аст, нест.

—————————————————————————————

-Ҳа, ҷӯра, чӣ ин қадар хурсандӣ?
-Барои хушдоманам роҳхат ба Испания харидам.
— Аз кадом ширкат?
— Номаш «Ҷаҳонгардӣ».
— Эээҳааа! Ин ширкат одамонро фиреб мекунад. Муштариёнашро бурда дар фурудгоҳ мегузораду дигар суроғашон намекунад.
— Ман медонам……

—————————————————————————————

Марде назди прокурор омада мепурсад:
— Барои куштор маро чанд сол аз озодӣ маҳрум мекунанд?
— Киро куштӣ?
— Ҳоло ягон касро. Мехоҳам хушдоманамро буғӣ кунам.
— Агар хушдомани маро ҳам бикушӣ ҳамагӣ як сол пушти панҷара мешинӣ, тамом.

—————————————————————————————

-Дина шаб занам бемори вазнин шуд. Ин субҳ барои нигоҳубин кардани вай хушдоманам хона омад.
-Ъмдааа, дуруст мегӯянд, ки бадбахтӣ ҳеч гоҳ танҳо намеояд …

—————————————————————————————

-Ҷонакам, китоби «Чӣ гуна 100 сол зиндагӣ кардан мумкин»-ро надидӣ,- мепурсад зан аз шавҳараш.
-Ман онро сӯзондам.
-Барои чӣ?
-Модарат онро мутолиа карданӣ буд.

—————————————————————————————

Марде назди табиб омада бо сароҳат нақл мекунад:
-Духтурҷон, тасаввур намекунед, ки ман чӣ гуна хобҳои даҳшатнок мебинам… Ҳамин ки чашмамро мепушам, пеши назарам хушдоманамро мебинам, ки дар кӯча ҳамроҳи крокодил сайру гашт дорад. Дандонҳои калон калони каҷу килеб, бӯйи даҳонаш тамоми ҷонзотро то ба ҳафт чақрим беҳуш мегардонад, даҳшатангезу бадҳайбат…
— Оҳо, воқеан, даҳшат…
— Эҳа, ин ҳоло чӣ, ман ҳозир дар бораи крокодил нақл накардаам!

—————————————————————————————

Дузде бонкро ғорат карда, нафарони онҷо қарордоштаро асир мегирад. Аз як нафар мепурсад:
-Ту дидӣ, ки ман чӣ гуна бонкро ба яғмо задам?
-Бале,-ҷавоб медиҳад мард. Дузд бидуни ҳеч мулоҳиза ба пешонияш тир холӣ мекунад.
-Боз кӣ дид? Марде ҳаросон садо медиҳад:
-Хушдомани ман!

—————————————————————————————

Телефони духтури ҳайвонот занг мезанад:
-Ҳозир ба назди шумо хушдомани ман бо сагчааш меояд. Шумо ба ӯ сахтаъсиртарин заҳрро хӯронед, то ки зиёд азоб накашида, зуд ҷон бидиҳад. Бойтор:
— Баъд он сагча худаш роҳи хонаатонро меёбад?

—————————————————————————————

Дар Сирк: — Падарҷон, барои чӣ он мард сарашро ба даҳони шер тела медиҳад?
-Э, бачам, вақте калон мешавию хушдоманат тамоми умр дар хонаи ту зиндагӣ кардан мехоҳад, саратро ба кучоҳое намеандозӣ.

—————————————————————————————

Зану шавҳар шабона филми даҳшатнокеро тамошо доранд. Ногоҳ дар экран ҳайвони бадҳайбате пайдо мешавад.
Зан:
— Ой, модарҷоооон!
Шавҳараш:
— Хушдоманам?!! Рост, рост ман ҳам мегӯям, ки ба касе монанд аст…

—————————————————————————————

— Хушдомани ман кампири идеалӣ аст.
— Чӣ хел??!
— Тамоми латифаву хушгуиҳои олам ба ӯ мувофиқ меафтанд.

—————————————————————————————

-Ҷаноби судя! Агар ман хушдоманамро буғӣ карда кушам, чанд сол маро аз озодӣ маҳрум мекунанд??!
-10 сол!….Аммо агар ғайрат карда, хушдомани маро ҳам ба ҳалокат расонӣ баъди як соли расо ба озодӣ мебароӣ!

—————————————————————————————

Ду нафар бо ҳам вомехӯранд. Яке ба дигарӣ:
-Намедонӣ, ки кӯлоҳи ноаёнро аз куҷо дастрас кардан мумкин аст?
-Чӣ лозим шудааст?
-Ба хушдоманам дар рӯзи зодрӯзаш тӯҳфа мекунам!

—————————————————————————————

— Чаро хурӯс ин қадар зиёд ҷеғ мезанад?
— Аз хурсандии зиёд дӯстам, зеро даҳто зан дораду ягонто хушдоман не.

—————————————————————————————

Як ҷавон ба рафиқаш ҳасрат мекунад:
-Ман хушдоманамро чашми дидан надорам!
Дӯсташ ӯро ором мекунад:
— Агар ҳамон хушдоманат намешуд ту ҳоло зан надоштӣ.
-Барои инаш зиёдтар ӯро бад мебинам.

—————————————————————————————

5 responses

  1. Хамааш хуб аст, аммо боз хам хубтар мешуд, агар Шумо манбаъхои ин латифахоро анику дакик менавиштед. Чун мебинам, аксарияташон аз худатон нест…

    • Дар гӯшаи блог навишта шудааст, ки аксари латифаҳо аз забонҳои дигар баргардонида шудаанд. Аслан имкон надорад, ки сарчашмаи ҳар як латифаро дақиқ нишон бидиҳӣ, зеро касе намедонад, ки аввалин бор онро кӣ гуфтааст. Бархеи онҳоро ман аз дӯстонам шунидаасм, бархеашро аз сомонаҳо хондаам, ки ҳамчунон сарчашмаи аслияш маълум нест, қисмеашро ҳам ба ман тариқи манзили электронӣ ирсол кардаанд. Аммо шухиву ҳазлҳои воқеӣ, ки дар блог ҳастанд бевосита аз номи муаллифонашон ё касоне, ки онро шунидаанд, оварда шудааст.

      • Фахмо дустам. Инчо чандин латифахоеро вохурдам, ки каблан дар рузномахо нашр шуда буданд

  2. Салом, Махбуб! Вокеан хам сомонаи хуб таъсис додаед, мисли сомонаи дигаратон хонданибоб аст. Дуо мекунем, ки хушдоман-модархои мо танхо дар латифахо хандаовар бошанд, дар хаёти реали бошад ба холи онхо нахандему хамеша иззаташонро ба чо оварем. Зеро онхо ба мо чигарбанди бо сад ноз парваридаи худро тухфа мекунанду худ дуогуи чони мо мегарданд. Боки сарбаланд бошеду дар эчод кардан калами боз хам бурротарро сохиб гардед.
    Хохари Шумо Мехрангез!

    • Бале, ин танхо як навъ шухиву латифахо аст, аммо дар хаёти вокеи бовар дорам хамаи мардон хушдоманхояшонро эхтиром мекунанд. Аз чумла ман низ!!!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s