Муаллим аз Насимҷони хӯрдакак мепурсад:
— Дар хона бештар киро гуш мекунӣ, модар ё падаратро?
— Модарамро!
— Барои чӣ?
— Барои он ки ӯ бисёртар гап мезанад.

Дарси биология. Муаллим:
— Салимов, ду ҳайвони ваҳширо ном бар.
— Паланг ва… намедонам.
— Бишин, баҳоят «Ду».
— Каримов, канӣ се ҳайвони ваҳширо номбар кун.
— Паланг, шер боз мммм…
— Намедонӣ? Шин, баҳои ту ҳам «Ду»!
— Комилова, панҷ ҳайвони ваҳширо гӯй!
— Ду паланг ва се шер!

Дарси «Анатомия». Муаллим аз хонанда мепурсад:
-Сарро аз бадан чӣ ҷудо мекунад?
-Табари тез.

Муаллим аз Далер, ки сару рӯяш варамидаву сурху кабуд аст мепурсад:
-Ба ту чӣ шуд?
-Занбур шишт?
-Газид?
-Не, ҳамин нав нишаста буд, ки падарам бо каланд кушташ.

Далер аз тирезаи хонаашон нигоҳ мекунад ва зуд давида назди модараш ба ошхона меравад:
-Очаҷон, падарам меояд. Ба ӯ аввал чиро нишон медиҳем-рӯзномаи маро ё либоси навхаридаи туро?

Муаллими забон ба шогирдонаш мегӯяд, ки дар мавзӯи «Агар ман директори корхона мебудам» иншо нависанд. Ним соат мегузарад хонандаҳо машғули нависонавис. Танҳо Далер ба сӯи тиреза нигоҳ дорад.
-Ту барои чӣ наменависӣ,-мепурсад муаллима
-Котибаро интизорам!

Далер 40 дақиқа аз дарс дер карда ба синф медарояд. Муаллим:
-Барои чӣ дер омадӣ?
-Дар роҳ ба ман дузд ҳамла кард.
-Эҳ, Худоҷон. Баъд чӣ шуд?
-Рӯзнома ва дафтарҳои дарсиро дуздида бурд.

Писар назди падараш омада мегӯяд:
-Ту ваъда карда будӣ, ки агар аз математика баҳои панҷ гирам ба ман 11 доллар медиҳӣ. Ман панҷ гирифтам.
-Канӣ, рӯзномаатро нишон те.
— Анна, ду рӯз пеш ду гирифтам, дина боз як ду, имрӯз муаллима баҳои як гузошт, ҳамааш мешавад панҷ.
-Хеле хуб. Анна ба ту якто якдоллара ва боз якто якдоллараи дигар, мешавад 11.

Мурод субҳ ҳеч хоҳиши мактаб рафтанро надорад. Либосҳояшро пӯшида оби дида мекунад. Падараш ба ӯ мегӯяд:
-Наход одам вақти мактаб рафтан гиря кунад-а? Агар ман дар сину соли ту мебудам шоду хандон дарсхонӣ мерафтам.
-Агар ман ҳам дар сину соли шумо мебудам шоду хандон мектаб мерафтам.

Дарси забони тоҷикӣ. Муаллим аз Мурод мепурсад:
-Кампир исми ҷондор аст ё беҷон?
-Исми нимҷон муаллим.

Дарси забони тоҷикӣ. Муаллим ба Мурод:
-Барои чӣ мо забони модарӣ мегӯем?
-Чун ки падарон бо мо вақти гапзанӣ надоранд.

Дарси риёзӣ. Муаллим аз Мурод мепурсад:
-Ҳафт ҷамъи се чанд мешавад?
-Ёздаҳ!
-Дурустар фикр кун.
-Муаллим, ёфтам нӯҳ мешавад.
-Барои чӣ «даҳ» намегӯӣ?
-Маро фиреб накунед муаллим. Ман медонам, ки панҷ ҷамъи панҷ  даҳ мешавад.

Дарси физика. Муаллим аз Мурод мепурсад:
-Рушноии электрикӣ аз рушноии табиӣ чӣ тафовут дорад?
-Фарқаш ин ки барои равшании электрикӣ пул медиҳем, аммо равшании табиӣ ҳоло пулакӣ нашудааст.

Дарси ҷуғрофия. Муаллим аз Мурод мепурсад:
-Дар бораи канали Панама чӣ медонӣ?
-Муаллимҷон телевизори мо ин хел каналро намегирад, аз Салим пурсед як ҳафта пеш падараш антеннаи моҳвораӣ харид.

Дарси омодагии ҳарбӣ. Хонандаҳо усулҳои кӯмаки аввалини тиббиро меомӯзанд. Муаллим аз Мурод мепурсад:
-Агар бародари хӯрдият ногоҳ калидро фуру барад чӣ кор мекунӣ?
-Бо тиреза ба хонаамон медароям.

Дарси адабиёт. Муаллим аз Мурод мепурсад:
-Ту аз куҷо бо забони туркманӣ гап заданро ёд гирифтӣ?
-Муаллими забони англисиямон туркман аст.

Дарси кимиё. Мурод ба муаллим:
-Муаллимҷон, ман лоиқи баҳои «ду» нестам.
-Медонам, аммо мутаасифона аз ин баҳои пастарро ба мо иҷозаи дар журнали синф гузоштан намедиҳанд.

Дарси тарбиявӣ. Муаллим ба Мурод:
-Барои чӣ дирӯз дар дарс набудӣ?
-Э, муаллимҷон агар саргузаштамро нақл кунам мӯи саратон сих-сих мешавад.
-Ин тавр бошад ба муаллими таърих нақл кунед, вай мӯй надорад.

Имтиҳон. Муаллим ба Мурод:
-Барои чӣ ин қадар хотират парешон? Аз саволҳои ман метарсӣ?
-Не муаллим, аз ҷавобҳои худам.

Оставьте комментарий