Tag Archives: муаллим

Луқма аз бахши «Ман ва мактаб» (-16)

Стандартный

Далер 40 дақиқа аз дарс дер карда ба синф медарояд. Муаллим:
-Барои чӣ дер омадӣ?
-Дар роҳ ба ман дузд ҳамла кард.
-Эҳ, Худоҷон. Баъд чӣ шуд?
-Рӯзнома ва дафтарҳои дарсиро дуздида бурд.

​Луқма аз бахши «Ман ва мактаб» (-16)

Стандартный

Муаллим аз Далер, ки сару рӯяш варамидаву сурху кабуд аст мепурсад:
-Ба ту чӣ шуд?
-Занбур шишт?
-Газид?
-Не, ҳамин нав нишаста буд, ки падарам бо каланд кушташ.

 

Заметка

Муаллим ба донишҷӯе, ки ба ягон савол ҷавоб дода наметавонад мегӯяд:
— Гуш кун, се маротиба аст, ки туро аз санҷиш мегардонам. Барои чӣ намеомузӣ. Аз савод омухтан то ҳол касе намурдааст!
-Ман медонам муаллиму, аммо таваккал кардан чӣ лозим-а?

Луқма аз бахши «Донишноҷӯ»

Заметка

Ба Иди «Забони давлатӣ» бахшида мешавад! (5-уми октябр)
Муаллим аз хонандаҳо мепурсад:
-Дар васфи Модар кӣ шеър медонад?
Ибодулло ҳар ду дасташро мебардорад.Муаллим:
-Канӣ, Ибодҷон хон.
Ибодулло:
-Мо-дар пиёла акси рухи ёр дидаем.

Луқма аз бахши «Аралашбод»

Заметка

Муаллими ҷуғрофия назди табиб меравад. Духтур:
-Аз чӣ шикоят доред?
-Поям дард мекунад.
-Куҷояш?
-Аз буҷулаки по ба самти шимолу шарқ.

Луқма барои бахши «Табиб»