Tag Archives: хона

Луқма аз бахши «Хушдоманғайбат»

Стандартный

-Дина шаб занам бемори вазнин шуд. Ин субҳ барои нигоҳубин кардани вай хушдоманам хона омад.
-Ъмдааа, дуруст мегӯянд, ки бадбахтӣ ҳеч гоҳ танҳо намеояд …

Луқма аз бахши «Кор, раис, котиба, коргар» (Аралашбод)

Стандартный

Роҳбари корхона ба коргар:
— Барои чӣ ба кор дер омадӣ?
— Аз хона дертар баромадам…
— Барвақтар имкон надошт аз хона баромадан?
— Аллакай дер шуда буд барои барвақтар баромадан…

Заметка

Журналисте бо аҳли оилааш ба хонаи нав мекӯчид ва ҳамроҳи ёрдамчиҳо таҳти роҳбарии завҷааш аз манзили кӯҳна чизу чораашро бароварда ба мошин бор мекард. Дар ҳамин асно як ҳамсоязан ба вай муроҷиат карда хоҳиш намуд, ки агар ягон чизи нодаркор дошта бошанд, напартоянду ба ӯ диҳанд. Журналист ба ҳамсоя ваъда дод, ки ҳатман чунин мекунад. Аммо чун мард чизи барояшон дар хонаи нав лозиму нолозимро фарқ намедонист ба завҷааш гуфт:
-Занак, агар ягон чизи нодаркор бошад, ба ҳамсоя диҳем…
Ҳамсараш ба ҷамъу гири хона овора ба саволи шавҳараш аҳамаят намедиҳад. Ҳар навбат, ки мард чизеро сари китф бардошта бо зинапояҳо поин мешавад, ҳамсоязанакро назди дараш мебинад, ки мунтазири «чизҳои нодаркор» истодааст. Мард ҳиҷолат мекашад ва вақти ба хона баргаштан боз ба занаш ёдовар мешавад, ки чизҳои нодаркорро ба ҳамсоязанак диҳанд. Зан ба ҷаҳл омада дод мезанад:
-Ягона чизи нодаркор дар ин хона ту, агар ба ҳамсоя лозим бошӣ гирифта барад.

Луқма аз бахши «Бе дурӯғ» (99%)

Заметка

Марде ба хонаи дӯсташ омада мебинад, ки рафиқаш дар миёнаи ҳавлӣ дутор навохта шиштасту занаш ҳезум мекафонад. Мард бо қаҳр:
-Айбу шарма намедонӣ-а, занат ҳезум мешиканаду ту дутор менавозӣ?
-О, вай дутор навохта натавонад айби ман-чӣ?

Луқма аз бахши «Аралашбод»

Заметка

Мард  ду қутии калони шакалод дар даст ба хона меояд ва ба кӯдаконаш мегӯяд:
-Ин шириниҳо насиби касе мешавад, ки ҳамеша гапи модарашро гӯш карда, ҳеч вақт гапи ӯро намегардонад, ҳар кори гуфтаи вайро бе чуну чаро иҷро мекунад… Кӯдакон ҳама бо як овоз:
— Худатон падарҷон.

Лукма аз бахши «-16»