Tag Archives: таракан

Луқма аз бахши «БДА» (Пагонбакитфҳо)

Стандартный

Се навтоҷик ба моҳидорӣ мераванд. Итифоқан, ба шасти онҳо моҳии тилло меафтад. Ба фикр фурӯ мераванд, ки аз моҳӣ чӣ хоҳиш намоянд, зеро аз чизе танқисӣ намекашанд. Баъди фурсати тӯлонӣ навтоҷики якум ба моҳӣ хитоб мекунад:
— Маро ҳамеша кормандони БДА нигоҳ медоранд, аммо ягон вақт бо худ пули майда надорам…
Моҳӣ:
— Аз ин пас дар ҳамёни ту ҳамеша 50 долларӣ пайдо шудан мегирад.
Навтоҷики дуюм:
— Ҳамин тараканҳои хона дар ҷонам задаанд!
Моҳӣ:
— Ба ту як нонхӯраки хӯрд медиҳам. Он ҳамаи тараканҳоро мехӯрад ва баъд худаш аз пурхурӣ мекафад.
Навтоҷики се:
— Маро бошад, мушҳо ба ҷон расондаанд!
Моҳӣ:
— Ин мушчаро гир, вай ҳамаи мушҳои хонаатро мехӯрад ва дар охир худаш ҳам мемурад.
Навтоҷики аввал ба моҳӣ наздик шуда мегӯяд:
— Медонӣ-чӣ моҳичаи тилло, беҳтараш ба ман як БДА-ча тӯҳфа кун!

Заметка

Як мард назди дӯсташ шикоят мекунад:
-Хонаам пури нонхурак шудааст. Ягон доруи зидди ҳашарот намонда ҳамаашро харидем, ягон фоида накард.
Рафиқаш ба ӯ маслиҳат медиҳад:
-Вақте аз дари хонаат даромадӣ дастҳоятро ба пушт монда, қошу қавоқатро гирон ва бо овози баланд дод зан, ки «дафъ шавед ҳамаатон», анна баъд натиҷаашро мебинӣ. Мард ба хонааш даромада қошу қавоқ мегиронад ва ба сӯи тараканҳо нигариста фарёд мезанад: «Канӣ ҳамаатон дафъ шавед!!!!»
Нонхӯракҳо як то як то паи ҳам аз дари хона баромадан мегиранд. Як таракан гашта ба мард нигоҳ мекунад. Ин лаҳза мардро ханда мегирад. Таракан гарданашро сӯи дигар нонхуракҳо гардонда дод мезанад:
-Э, ҳамаатон аз роҳатон гардед, ин одам шухӣ карда истодааст…

 

 

Луқма аз бахши «Аралашбод»