Tag Archives: модар

Луқма аз бахши «Хушдоманғайбат»

Стандартный

-Ҷонакам, китоби «Чӣ гуна 100 сол зиндагӣ кардан мумкин»-ро надидӣ,- мепурсад зан аз шавҳараш.
-Ман онро сӯзондам.
-Барои чӣ?
-Модарат онро мутолиа карданӣ буд.

Луқма аз бахши «-16»

Стандартный

— Падарҷон, барои чӣ ту ба модарам хонадор шудӣ?
Мард ба завҷааш нигариста:
-Анна дидӣ, ҳатто ҳамин кӯдак ҳам дар тааҷуб меафтад!

Луқма аз бахши «Аралашбод»

Стандартный

Духтарак соати яки шаб ба хона меояд. Модараш дарро кушода аз ғазаб базур мепурсад:
-Дар куҷо будӣ?
— Сайругашт рафтам!
— Эҳҳҳҳ… Наврӯид, бало рӯид. Ман дар сину соли ту…
— Модарҷон, илтимос! Ман он вақт аллакай шашмоҳа будам!!!

Луқма аз бахши «-16»

Стандартный

Падар кӯдаки хурдсолро ба хонаи хоб мебарад. Баъди чанд муддат тифл ба назди модараш омада мегӯяд:
— Тамом…
— Чӣ тамом, асалаки ман?
— Падарамро хоб бурд.

Заметка

Маҷлиси падару модарон дар мактаб.
Муаллима: — Писари шумо, шарм надошта дар назди талабаҳо ба ман гуфт, ки шуморо мекушам!
Падар: — Не-е, ҳамин тавр гуфт? Лекин вай бачаи хуб аст, ҳамеша ба ваъдааш вафо мекунад.

Луқма аз бахши «-16»

Заметка

Ба Иди «Забони давлатӣ» бахшида мешавад! (5-уми октябр)
Муаллим аз хонандаҳо мепурсад:
-Дар васфи Модар кӣ шеър медонад?
Ибодулло ҳар ду дасташро мебардорад.Муаллим:
-Канӣ, Ибодҷон хон.
Ибодулло:
-Мо-дар пиёла акси рухи ёр дидаем.

Луқма аз бахши «Аралашбод»

Заметка

Мард  ду қутии калони шакалод дар даст ба хона меояд ва ба кӯдаконаш мегӯяд:
-Ин шириниҳо насиби касе мешавад, ки ҳамеша гапи модарашро гӯш карда, ҳеч вақт гапи ӯро намегардонад, ҳар кори гуфтаи вайро бе чуну чаро иҷро мекунад… Кӯдакон ҳама бо як овоз:
— Худатон падарҷон.

Лукма аз бахши «-16»

Заметка

Муродҷони даҳсола ҳангоми дар назди ҳавлӣ бо рафиқонаш бозӣ кардан мегӯяд:
-Мо акнун дар хонаамон ҳама чиз дорем.
-Аз куҷо медонӣ,-мепрусанд аз ӯ.
-Вақте падарам аз муҳоҷират баргашт ва маълум шуд, ки СПИД шудааст, модарам гуфт, ки фақат ҳаминаш намерасид.

Луқма аз бахши «-16»