Tag Archives: мағоза

Луқма аз бахши «Аралашбод»

Стандартный

Дар мағоза:
-Коғази ташноб доред?
-Не, тамом шуд.
-Коғази дастпок-чӣ?
-Ин ҳам нест. Лекин рӯзномаи фурӯшӣ дорем.

Луқма аз бахши «Аралашбод»

Стандартный

Як муҳоҷири узбак дар Русия барои харидани мурғ ба мағоза медарояд. Аммо вақти назди фурӯшанда расидан ҳар қадар фикр мекунад, аммо намедонад, ки мурғ ба русӣ чӣ мешавад. Баъд як тухмро гирифта ба фурӯшанда хитоб мекунад:
-Её мама где?

Заметка

Писарчаеро, ки ба хонаашон меҳмон омада буд ба мағоза барои қанд мефиристанд ва таъкид мекунанд, ки қанди «ирис» бихарад. Писарча барои он ки номи қандро фаромӯш накунад, раҳо-раҳ такрор мекунад: «қанди ирис, қанди ирис, қанди ирис, қанди ирис». То мағоза 10 қадами дигар монда буд, ки раиси маҳалларо вомехӯрад. Муйсафед ба ӯ мегӯяд, ки «падаратро гӯй баъди нисфирӯз ба масҷид бияёд, ҳашар дорем». Чун писарак ба мағоза медарояд номи қанд аллакай фаромӯш шудааст. Ночор аз фурӯшанда хоҳиш мекунад, ки номҳои қандро бигӯяд. Фурӯшанда:
-Қанди сафед?
-Не.
-«Ордак»?
-Не.
-Қанди печак?
-Не.
-«Му-му»?
-Не.
-Барбарис?
-Не. Дар навбат одамони зиёде ҷамъ шудаанд. Фурӯшанда:
-Қанди «рачки»?
-Не.
-Қанди «ласточка»?
-Не.
Додарҷон,-мегӯяд фурӯшанда ҳамагӣ ду намуди қанди дигар дорем. О, гӯй чӣ мехоҳӣ ин одама бин. Ҳама навбатро интизоранд.
-Ака, боз чӣ хел қанд аст?
-Қанди «лаура»?
-Не, ака. Дигариш чӣ аст?
Фурӯшанда ба ғазаб омада:
-Сари хокат, фаҳмидӣ?
Писарак хӯрсандона:
-Акаҷон, аз ҳамон сари хокат ду кило кашед.

Луқма аз бахши «Аралашбод»