Tag Archives: кампир

Луқма аз бахши «Хушдоманғайбат»

Стандартный

Муфаттиш аз шоҳид мепурсад:
— Шумо дидед, ки як марди бегона чӣ тавр хушдоманатонро зери мушту лагад гирифт, барои чӣ зуд ба ёрӣ нашитофтед?
— Рафиқ муфаттиш, як кампирро дукаса лату куб кардан аз рӯйи инсоф нест!

Заметка

Кампир ба мӯйсафедаш:
-Э мардак, о дар ин барфу борону шамол барои чӣ сари луб-луч дар берун мегардӣ? Саратро хунӯк мезанад охир, чаро телпак напушидӣ?
-Кампир, зиёд доду фарёд накун, саре, ки дар 80 рафта олим нашуд, академик нашуд, профессор нашуд, шоир нашуд, агроном нашуд мон, ки сармояш занад…

Луқма аз бахши «Лаку Пак»

Заметка

Дарси забони тоҷикӣ. Муаллим аз Мурод мепурсад:
-Кампир исми ҷондор аст ё беҷон?
-Исми нимҷон муаллим.

Дар бахши «Ман ва мактаб» аз гӯшаи «-16» шухихои марбут ба мактабу мактаббачаҳо гирд оварда шудаанд.

Луқма аз бахши «Ман ва мактаб» (-16)

Заметка

Зани солхӯрдае аз роҳи назди «Боғи ошикон» мегузарад. Чашмаш ба духтаре меафтад, ки қариб луб-лучи модарзод рӯи сабза нишастааст. Кампири бағазабомада духтарро дурудароз насиҳат мекунад:
-Айбу шарма намедонӣ, як духтари капа-калон дар байни шаҳр бо ин аҳвол шиштаӣ? Духтар оромона ҷавоб медиҳад:
-Чӣ шудааст, бибӣ?
-Боз шарм надошта мепурсад. О, ин чӣ аҳвол?
-Э, бибиҷон ҳеч шумо ҳамин пешравию мудро нафаҳмидед-да. Инро куртаи ишқ мегӯянд, куртаи ишқ…
Кампир дар ҳайрат мемонаду гиребон гирифта тавба мекунад. Вақте ба хонааш мерасад, либосашро бадар намуда, роҳи шавҳарашро мепояд. Муйсафеди аз кор хаставу беҳолбаргашта дари хонаро кушода, қариб аз ҳуш меравад. Базур худро дошта бо забони аз ҳайрат гирифта мепурсад:
-Э, кампири беимон. Ин чӣ нағма аст боз? Кампир мисле ноз карда:
-Э, мусафеди нодон-э. Инро куртаи ишқ мегӯянд, фаҳмидӣ куртаи ишқ. Муйсафед дар ҳоли шок:
-О, хай мемурӣ, ҳамун куртаи ишқатро аққалан дарзмол кунӣ, баъд ҳамин хел ғиҷим мепушӣ?

Луқма аз бахши «Аралашбод»