Tag Archives: зиёӣ

Заметка

Як гурӯҳ зиёиёни тоҷик барои ширкат дар кадом як ҳамоиш замони Шӯравӣ ба Маскав мераванд. Рӯзе дар истгоҳи метро қатораро интизор мешаванд. Як муаллим, узви гурӯҳ ба гӯшае рафта туф мекунад. Пиразани рус, ки ҳамон ҷо буд, бо шӯр дуғу пӯписа кард:
— Никакой культуры! Разве так можно!..
Зане аз гурӯҳи тоҷикон сар ҷунбонда марди туфкардаро шарм дод:
— Ба ҷои он, ки номи халқатонро дар чашми дигарон бардоред, ба он доғ мезанед! Моро мардум «зиёӣ» гуфта ин ҷо фиристод, шумо бошед… Акнун чӣ қадар бояд дигарон заҳмат кашанд, ки номи халқи тоҷикро дар чашми ин пиразан аз доғи бефарҳангӣ тоза кунанд…
Марди гунаҳкор лаҳзае сархам шуда, баъдан ба зани тоҷик нигариста хурсандона мегӯяд:
— Зиқ нашавед, муаллима, ҳозир ин доғро дар як сония тоза мекунам. Вай сӯи пиразане, ки ҳамоно «некультурный» ва ба ин монанд калимаҳоро такрор мекард бо забони русӣ гуфт:
— Бабуля, мы, АРМЯНЕ, все такие!

Луқма аз бахши «Бе дурӯғ» (99%)

Реклама