Зан бо овози баланд фарёд мезанад:
— Боз либосу наскиҳоятро дар тамоми хона паҳн кардӣ?
Шавҳар:
— Ин аксияи нав аст: «Ҳамаи либосҳоро ҷамъ кун ва барои лабсурхкунаки нав пул бигир».

———————————————————————————————-

1 апрел. Мард ба хонааш бо димоғи чоқ ва хандазанон медарояд. Завҷааш мсепурсад:
-Чӣ гап шуд?
-Тасаввур мекунӣ, ронандаи таксиро чунон боб кардам, ки…
-Чӣ кардӣ?
-Пули таксиро додам, аммо худам нарафтам.

———————————————————————————————-

Мард ба завҷааш:
— Ман туро гуфтам, ки шими маро тоза кун!
— Тоза кардам!
— Дуруғ нагу! Дар кисааш 100 доллар буд, ҳоло ҳам дар ҷояш истодааст.

———————————————————————————————-

Дар толори суд:
— Барои чӣ вақте занатон ғарқ мешуд наҷоташ надодед?
— Ман намедонистам, ки вай ғарқ шуда истодааст, доду фарёдаш аз рӯзҳои гузашта фарқе надошт.

———————————————————————————————-

Кампир ба мӯйсафедаш:
-Э мардак, о дар ин барфу борону шамол барои чӣ сари луб-луч дар берун мегардӣ? Саратро хунӯк мезанад охир, чаро телпак напушидӣ?
-Кампир, зиёд доду фарёд накун, саре, ки дар 80 рафта олим нашуд, академик нашуд, профессор нашуд, шоир нашуд, агроном нашуд мон, ки сармояш занад…

———————————————————————————————-

Низои хонаводагӣ. Шавҳар аз дасти занаш раҳо шуда зери диван медарояд. Зан:
-Баро мегӯям.
-Не, намебароям.
-Баро ба хубӣ?
-Не, гуфтам не.
-Охирин бор такрор мекунам, баро.
-Дар хона кӣ хуҷаин-а? Не, гуфтам пас маълум мешавад, ки намебароям.

———————————————————————————————-

Зан ба шавҳараш мардеро нишон медиҳад, ки дар нуқтаи пивонушӣ нишаста май мезад.
-Ҳу анна ҳамон одам шавҳари собиқи ман аст. Баъди он ки мо ҷудо шудем ҳафт сол боз фақат менушад.
-Э шухӣ накун. Чӣ қадар саломатӣ лозим аст, ки ҳафт соли дароз ин хушбахтиро ҷашн бигирӣ

———————————————————————————————-

Марди майзадае дар роҳ ба сӯи хонааш фикр мекунад: «вақте занам мефаҳмад, ки боз маст ҳастам ғур-ғурро сар мекунад. Ягон чӣ фикр кардан даркор… Ёфтам, ҳамин, ки хона даромадам як китобро мегираму гӯё, ки мехонам, занам намефаҳмад, ки нушидаам…».
Ва ҳамин хел ҳам мекунад. Оҳистакак дарро кушода медарояд ва китоби аз ҳама калонро бо муқоваҳои чармин гирифта, рӯи фарш мешинад ва ба хондан медарояд. Занаш:
-Чӣ кор мекунӣ?
-Намебинӣ чӣ кор карда истодаам? Бесавод, қишлокӣ…
-Калаат пӯсат, канӣ зуд чемоданро дар ҷояш гузошта болои кат гузашта хоб кун…

———————————————————————————————-

Зану шавҳаре, ки 30 соли умри худро якҷоя сипарӣ кардаанд, аз рӯзномае мехонанд, ки дар як кунҷи шаҳр чоҳи бузургест ва агар ба он танга партофта чӣ орзӯе кунед, амалӣ мешавад. Зан шавҳарашро маҷбур мекунад, ки назди ҳамон чоҳ раванд. Нахуст мард ба чоҳ наздик шуда, зери лаб чизе мегӯяду тангаи 50 дирамаеро ҳаво медиҳад. Вақте завҷааш мехоҳад тангаро партояд мувозинатро аз даст дода ба даруни чоҳ меафтад. Мард бо тааҷуб:
-Оҳооо, зур-ку. Ин қадар зуд!

———————————————————————————————-

-Ҷонакам, пулҳое, ки ман барои ба истироҳат рафтанам хазина кардам куҷоянд?
— Ой, ман фаромӯш кардам, ки ба ту гӯям, бо он пулҳо ман палтои зимистона харидам…

———————————————————————————————-

Зан баъди ҷанҷол бо шавҳараш қаҳр карда ба хонаашон меравад. Ба модараш мегӯяд:
-Вақте дари хонаро сахт пӯшида баромадам, садои тирро шунидам. Ба фикри шумо ӯ худашро парронд?
-Не, фикр мекунам даҳони шишаи шампонро кушодааст.

———————————————————————————————-

Марди шикорчие аз ҷангал нимашаб бармегардад. Занаш аз ӯ мепурсад:
-Хирсро диди?
-Не, надидам.
-Агар медиди, чӣ мекардӣ?
-Мепаррондам.
-Агар милтиқат кор намекард-чӣ?
-Ба болои дарахт мебаромадам.
-Агар онҷо дарахт намешуд?
-Худамро ба даруни ҷӯй мепартофтам.
-Агар ҷӯй намешуд-чӣ?
-ЭЭЭЭЭ, нафаҳмидам. Ту зани мани ё зани хирс?

———————————————————————————————-

Ҷанҷоли оилавӣ. Зан:
-Дигар бо ту зиндагӣ кардан намехоҳам!
-Чӣ шиштаӣ рав пеши модарат!
-Вай мурдагӣ аст-ку.
-Ҳа-да…

———————————————————————————————-

Мард ба назди тиреза омада пардаро як тараф мекунад ва ба занаш мегӯяд:
-Ҷонакам, фикр намекунӣ, ки имрӯз рӯзи олие хоҳад шуд?
-Нафаҳмидам…
-Гапи ту ба ёдам расид.
— Кадом гап?
-Ин ки як рӯзи олие ту бору буғчаатро ҷамъ карда аз манн меравӣ!
———————————————————————————————-
Мард субҳ завҷаашро бедор мекунад:
-Санҷобаки ман, хез, аз корат дер мемонӣ. Занаш ба паҳлӯи дигар гашта зери лаб ғунгос мезанад:
-Имрӯз ман санҷоб не, моҳичаам, пой надорам ва ба ҳеч куҷо намеравам!

———————————————————————————————

Зану шавҳар бори аввал ба истироҳат соҳили Баҳри Тоҷик мераванд. Мард аз бонувони нимурён чашм намеканад. Завҷааш бо зарда:
-Беодобӣ накун, ту марди зандорӣ.
— Баъд чӣ? Вақте ту ҳам барои фарбеҳ нашуданат аз хӯрокхӯрӣ парҳез мекунӣ дар тарабхона ҳатман ба таомнома дурудароз нигоҳ мекуни-ку?

———————————————————————————————-

Мард дар бистари марг қарор дорад. Занаш бо ашки шашқатор мегӯяд:
-Ҷонакам, ту мемурӣ ва маро танҳо мегузорӣ. Ман Худоро зора мекунам, ки зуд маро ҳам назди ту расонад.
-Занакҷон, саросема нашав. Мон аққалан ҳамон ҷо каме истироҳат кунам.

———————————————————————————————-

— Чонакам, имрӯз 10-умин солгарди туй шуданамон аст. Шояд ҳамон баррачаамонро қурбонӣ кунем-а?
— Баррача ҳеч гуноҳе надорад. Каллачаи додари туро буридан лозим, ки 10 сол пеш моро бо ҳамдигар шинос кард.

———————————————————————————————-

— Ҷонакам барои хотира ба ту чӣ тӯҳфа кунам?
-Ягон доруи зиди склеpоз.

———————————————————————————————-

Писарча 18 сола мешавад. Падараш оҳи сабуке кашида мегӯяд:
-Анна акнун рафта ба модарат гӯй, ки акнун дигар алиментсупорӣ тамом. Тамошо кун, ки афташ чӣ хел мешавад. Писар назди модараш рафта нарезондаву начаконда гапҳои падарашро мерасонад. Модараш бо нимтабассум:
-Ба падарат гӯй, ки вай 18 соли дароз барои кӯдаки марди бегонае алимент месупорид. Баъд афташ бин!

———————————————————————————————-

Зан:
Ҷонакам, ман мехоҳам дар мавриди чанд чиз бо ту сӯҳбати ҷиддӣ кунам.
Мард:
-Маълум, ки дар бораи он чизҳое гуфтан мехоҳӣ, ки ҳамсоя дораду ту ҳоло нахаридаӣ.

———————————————————————————————-

Зан аз истироҳатгоҳ ба хонааш занг мезанад:
— Алло, Васяҷон, ин туӣ?
— Бале, ман.
— Васҷонакам, ман — ҳомиладорам!
— Рақам нодуруст гирифта шуд, рақам нодуруст навишта шуд, рақам навишта шуд…

One response

  1. шухихои чолиб барори кор ба шумо бародари азиз харчи камтар чизхои гайри сиёсиям пайдо шидестай дар сайтой точики

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s