Ду сагбача дар кӯча вомехӯранд. Аввалӣ:
— Ҳаф-ҳаф.
Дуюмӣ:
— Мяу-мяу.
Аввалӣ:
— Ту чӣ, девона-певона шудаӣ?
Дуюмӣ:
— Не, забони хориҷӣ меомӯзам!

&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&

Фил ва Мурча барои оббозӣ ба кӯли Комсомоли шаҳри Душанбе мераванд. Баъди 10 дақиқаи Фил аз об берун мебарояд. Мурча сарашро аз об бардошта фарёд мезанад:
-Боз саросема шуда, либосҳои маро напушӣ.

&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&

Ду содалавҳе дар ҷангал роҳгум мезананд. Ногоҳ аз рӯ ба рӯяшон шер мебарояд. Яке аз онҳо хам шуда бо дастонаш аз замин хок мегирад ва ба чашми шер мепошад. Баъди ин зуд болои дарахт  баромада ва ба рафиқаш мегӯяд:
-Тезтар болои дарахт баро.
-Ман барои чӣ гурезам? Ба чашмони шер ман хок напартофтам-ку.

&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&

Ду мурғ аз деҳа ба шаҳр барои кор меоянд. Аз назди бозор мегузаранд, ки дастгоҳи мурғпазӣ (грил)-ро мебинанд. Як мурғ ба дигараш мегӯяд:
-Ина бин, мо аз қишлоқ шаҳр кор кардан омадему мурғҳои шаҳрӣ бошанд, дар чархофалак катайса доранд.

&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&

Дар ҷангал ғизои ҳайвонот тамом мешавад. Рӯзе бо амри шоҳи ҷангал-шер ҳама барои баррасии ин вазъ дар назди дарахти чинор ҷамъ мешаванд. Шер аз ҳайвонҳо мепурсад, ки барои бартараф кардани мушкил чӣ пешниҳодҳое доранд. Пешниҳоди гург барои ба ҷангали дигар кӯчидан дастгирӣ намеёбад. Хирс мегӯяд ба деҳа рафта бо одамон қарордод мебандем, аммо ин пешниҳодро касе дастгирӣ намекунад. Ниҳоят рӯбоҳ даст пеши бар иҷоза хоста мегӯяд, ки аз ин пас ҳар вақти хӯрокхӯрӣ тибқи қуръакашӣ ҳайвоне латифа мегӯяд, агар барои латифаи гуфтаи ӯ аққалан як ҳайвон нахандид, пас аҳли ҷангал ӯро бирён карда нуши ҷон мекунанд. Ин пешниҳод бо аксари овозҳо қабул мешавад. Қуръаи нахуст ба номи заргуш меафтад. Шер мегӯяд:
-Ку гушдароз, ягон латифа нақл кун.
Заргуш тарсидаву ларзида як латифа мегӯяд. Тамоми ҳайвонҳо ба ҷуз аз зарофа механданд. Шер ҳатто бо дастонаш шикамашро дошта ним соат пуштағелак меравад. Аммо чун гардандароз намехандад, заргушро даруни дег мепартоянду маза мекунанд. Фардо наздикиҳои нисфирӯз ногоҳ зарофа ба ханда мезанад. Баъди 10 дақиқа ӯро базӯр ором карда мепурсанд, ки чӣ шуд? Зарофа дар ҳоле, ки аз хандидан бознаистод мегӯяд:
-Э, ин гушдароз аҷаб латифаи боб гуфт-а?

&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&

Дар кӯча эълон овехта шудааст: «Ширкати маъруф ба котиба ниёз дорад. Шарти асосӣ ҳуруфчинии босуръат, кор бо компютер ва донистани забони хориҷӣ». Бо суроғаи нишондодашуда саге меояд ва дар курсии паҳлуи директории генералӣ менишинад.
Директор:
-Бубахшед, ман наметавонам шуморо ба кор гирам. Дар эълон навишта шудааст, ки котиба бояд ҳуруфчинӣ карда тавонад.
Саг клавиатураро назди худ кашида бо суръати ғайриоддӣ ҳуруфчинӣ мекунад.
Директор (ҳайратзада):
-Хубу, аммо бо вуҷуди ин шуморо ба кор гирифта наметавонам! Кор бо компютер шарти асосӣ аст.
Саг назди компютер нишаста дар як лаҳза чандин сомонаро кушода, барномаҳои зиёдеро боз мекунад.
Директор (қариб дар ҳолати шок қарор мегирад):
— Аммо котиба бояд забони хориҷиро донад!
Саг:
— Мяу, мяу!

&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&

Мурғе тухми 5 килоӣ мезояд. Тамоми хабарнигорон ҷамъ шуда аз ӯ мепурсанд:
-Ин чӣ гуна ба шумо даст дод?
— Ин сири махфӣ аст.
-Дар ояндаи наздик чӣ нақшаҳо доред?
-Зоидани тухми 7 килограмма!
Хабарнигорон аз хурус мепурсанд:
-Чӣ гуна ин ба шумо даст дод?
— Комилан сири махфӣ аст!
-Дар ояндаи наздик чӣ нақшаҳо доред?
— Онаи зори шутурмурғро нишон доданиям!

&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&

Зане аз ҳамсояаш мепурсад:
-Барои чӣ вақти гурбаатро шустан доду вояш дар осмон баланд мешавад?
— Гурбаи ту доду вой намекунад?
— Не, дугона.
— Аҷиб, ӯро чӣ хел меҷафӣ?

&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&

-Чаро ин қадар ғамгинӣ?
-Э, коре шуд, ки набояд мешуд. Ҳамроҳи рафиқон кӯҳ оҳушикор рафтем. Чор соат камин гирифтем оҳу наомад. Қаҳрамон баромаду нишаста 10 шиша коняк нушидем. Шишаҳо холӣ шуданду оҳу баъд пайдо шуд.

&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&

Дар тарабхонаи ҷангал вақти хӯроки нисфирӯзӣ. Заргӯш:
-Қошуқи маро кӣ гирифтааст зуд биёрад, ки мисли дирӯза мекунам.
Гург, ки қошуқи заргушро гирифта буд ба рӯбоҳ мегӯяд, ки қошуқашро бурда деҳ ва оҳистакек пурс, ки дирӯз чӣ кор кардааст. Ин гушдароз ба фикрам ба шер хабаркашӣ мекунад. Рубоҳ қошуқро ба заргӯш дода мепурсад:
-Дирӯз вақте қошуқатро гирифтанд чӣ кор кардӣ?
-Бо дастам хӯрокамро хӯрда будам.

&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&

Вақте ҳамаи ҳайвонҳо дар маркази ҷангал ба хӯрокхӯрӣ машғуланд гург даромада дод мезанад:
-Ҷӯраи ҷони ман сангпуштро кӣ ранҷонд?
Шер аз ҷояш нимхез шуда мегӯяд?
-Ман, чӣ буд?
-Хубаш карди ҷаноби шоҳ. Ҳолаш аз ин бадтар.

&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&&

Дар ҷангал маҷлиси калон ҷараён дорад. Ҳисоботи паланг, ҷониши шоҳ ба охир нарасида ногоҳ гург ба майдон баромада бо овои баланд мегӯяд:
-Кӣ зӯр аст, кӣ?
Ҳеч ҳайвоне садо намебарорад. Гург боз баландтар улос мекашад:
Чӣ хомӯшед. Кӣ зӯр-а?
Боз ҳама хомӯш. Баъди панҷ дақиқа шер аз ҷояш мехезад ва ба гург нигариста мегӯяд:
-Ман зӯр ҳастам гап зан.
Гург дасту по хӯрда бо овози ларзон мегӯяд:
-Хело хуб шоҳам биёед шашкабозӣ мекунем.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s