Мард субҳ аз хоб хеста ба занаш мегӯяд:
-Соли нав гузашт?
— Ҳо.
— Имрӯз чандум аст?
— Дуюми январ.
— Якуми январ буд?

***   ***   ***   ***

Якуми январ. Падару модар ба фарзанди донишҷӯяшон занг мезананд:
-Писарам, Соли навро чӣ гуна пешвоз гирифтӣ?
Писараки сархуш базӯр худро ба даст гирифта ҷавоб медиҳад:
-Ман ӯро пешвоз нагирифтам… Худаш омад.

***   ***   ***   ***

30-юми декабр ҳанӯз фурсат ҳаст, то андеша намоем, ки якуми январ аз чӣ таасуф мехӯрем.

***   ***   ***   ***

Аввалин кишваре, ки Бобои барфӣ аз он дидан мекунад, Хитой аст… то халтаҳояшро пури бозича кунад.

***   ***   ***   ***

Дар боғчаи кӯдакон.
Салим:
— Падари ман соҳиби салони мошинҳост. Ман дар мактубам ба Бобои барфӣ навиштам, ки дар Соли нав ба ман мошин туҳфа намояд.
Орзӯ:
— Падари ман хуҷаини тарабхона аст. Ман дар мактубам ба Бобои барфӣ навиштам, ки дар Соли нав ба ман торти калоне ҳадя кунад.
Шарифҷон, ки дар гӯшае нишаста бо ҳасад ҳарфҳои ҳамсолонашро мешунид, гуфт:
— Соли навро дар шаби хобатон мебинед. Падари ман қотили зархарид аст, ман ба ӯ мегӯям, ки Бобои барфиро парронад!

***   ***   ***   ***

Шоми 31-уми декабр. Писарак назди модараш омада мегӯяд:
-Очаҷон, вақте соат 23:30 шуд баланд фарёд мезанем: Соли нав! Соли нав! Соли нав…
-Барои чӣ?
— Бигзор ҳамсояҳоямон фикр кунанд, ки Соли нав ба хонаи мо пештар омадааст.

***   ***   ***   ***

-Мехоҳам мисли Бобои барфӣ коре пайдо кунам. Дар 364 шабонарӯз ҳамагӣ 12 соат…

***   ***   ***   ***

Нозири роҳ мошинеро, ки бо суръати баланд ҳаракат мекунад, нигоҳ дошта мепурсад:
— Куҷо шитоб доред?
— Ба хона. Ҳамроҳи дӯстонамон Соли навро ҷашн гирифтем. Каме дер шуд, шитоб дорам, ки завҷаам ташвиш нашавад.
— Э, мардак, охир ҳоло моҳи май аст-ку?
— Барои ҳамин шитоб дорам охир.

***   ***   ***   ***

Субҳи 1 январ. Дар мағоза.
— Духтарак, хлебҳоятон ҳамин ҳозир оварда шудаанд?
— Не! Аз соли гузашта мондагӣ!

***   ***   ***   ***

-Эҳ, ҳамаи корро Бобои Барфӣ ҷазир кард, -гуфт сарбозе, ки чанд рӯз пештар аз тариқи «облава» ба сафи қувваҳои мусаллаҳ оварда будандаш.
-Чӣ шуд? — пурсид аскари дигар.
— 15 сол пеш дар арафаи Соли Нав вақте ҳама ба Бобои Барфӣ мактуб навишта ҳар гуна тӯҳфа дархост мекард, ман аз ӯ либоси низомӣ хоста будам. Анна, чӣ қадар сол гузашту ман соҳиби он шудам.

***   ***   ***   ***

Кӯдаки хӯрдакак дар арафаи соли нав ба Бобои барфӣ мактуб менависад:
«Бобоҷон ба ман дар соли нав як додарча тӯҳфа кунед».
Мактуби Бобои барфӣ:
«Гап нест, модаратро пеши ман фирист».

***   ***   ***   ***

1 январ…
 -Бобоҷон, барои тӯҳфаи овардаатон ташаккури зиёд.
-Намеарзад, набераҷон.
-Ман ҳам ҳамин хел фикр мекунам, аммо модарам гуфт, ки ба бобоят раҳмат гӯй.

***   ***   ***   ***

-Бубашед, шумо коргардони ҳамин базми солинавӣ ҳастед?
-Ҳа ман, чӣ буд?
-Фикр намекунед, ки ин барномаи солинавӣ ба барномаи солинавии соли гузашта монанд аст?
-Не, не. Соли гузашта арча ба тарафи дигар тоб мехӯрд-ку!

***   ***   ***   ***

Марз. Сарбози навбатдор шоми 31 декабр шодикунон назди командираш меояд ва гузориш медиҳад:
-Рафиқ сардор, ман як террористи ришдарозро, ки як халтаи калон сари китф дошт аз пешонияш паррондам. Ба фикрам қоҷокчии маводи мухаддир буд…
Сардор ба он ҷое, ки тир паронда шуда буд меравад. Баъди баргаштан:
— Бо шарофати шумо барин бекаллаҳо мо соли чорум аст, ки соли навро бе Бобои барфӣ ҷашн мегирем.

***   ***   ***   ***

Аз эълони як радио. Барои соли нав фармоиш мегирем. Нархҳо дастрасанд. Бобои барфӣ бо наберааш 50 доллари амрикоӣ. Набера бе Бобои барфӣ 200 доллар.

***   ***   ***   ***

Соли нав. Хона намуди идона дорад, арча бо чароғакҳояш. Рӯйи миз дастурхон бо нозу неъматҳояш. Падару модар ва писари шашсолаашон нишаста барномаи солинавиро аз ТВ тамошо доранд. Ногоҳ занги дар баланд мешавад. Писарча:
-Ин Бобои барфӣ аст, ба мо тӯҳфа овардааст.
Давида даркушоӣ меравад. Даро кушодан баробар ба дарун муйсафеди майзадае медарояд. Кӯдак бо хурсандӣ:
-Бобоҷон, бобоҷон! Ман дар соли нав мошини калони суп-сурхи сухторнишонӣ мехоҳам!
-Хуб шудааст, як лаҳза, гуфта муйсафеди маст хонаро оташ мезанад…

***   ***   ***   ***

Духтаре аз ҳамсабақи писараш мепурсад:
-Дар барномаи соли навии донишгоҳ кӣ мешавӣ?
-Шрек.
-Ниқоб харидӣ?
-Ҳоло не, фардо бозор меравам. Ту кӣ мешавӣ?
-Зебосанам!!!
-Ниқоб харидӣ?

***   ***   ***   *** 

Натиҷаи як назарпурсӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук. Дар соли нав арақ менушед ё шампон?
-Шампон-100%
-Арақ-100%

***   ***   ***   ***

-Алло, бубахшед, ҳамин ҷо Бобои Барфӣ ва Барфакро барои хона дархост мекунанд?
— Бале.
— Ин хел бошад, барои мо 5 барфак ва як қуттӣ арақ фиристед.

***   ***   ***   ***

Дар ҷашни солинавии як расонаи хабарӣ аз сармуҳаррир хоҳиш мешавад, ки нушбод бигӯяд. Вай истакони арақ дар даст аз ҷо бархеста хитоб мекунад:
-Ин ҷомро барои инсонҳои бузург мебардорем, мо хело кам мондаем.

***   ***   ***   ***

Дар арафаи соли нав. Дар як рустои дури кӯҳистон дар як хонаводаи камбизоат иборат аз мард, ҳамсараш ва ҳашт фарзанди онҳо гирди дастурхоне, ки бо як чойник чой, нимто нон ва 10 то картошкаи обҷӯш оро дода шудааст, нишастаанд. Соати 23:50 мард милтиқро гирифта, берун мебарояд ва ду тир ба осмон мепарронд. Баъди ин дари хонаро кушода бо садои баланд мегӯяд:
-Бачаҳо, интизор нашавед, тӯҳфа-пӯҳфа намешавад. Ман Бобои барфии шуморо паррондам.

***   ***   ***   ***

Марди сархуше шаби соли нав ба Бобои барфӣ мактуб менависад:
-Бобоҷони азиз, хоҳиш мекунам, барои ман ба зери арча як кефири хунук биёред.

***   ***   ***   ***

Муаллими забони модарӣ аз хонандагони синфи 5-ум мепурсад:
«Ту тоза мекунӣ, вай тоза мекунад, онҳо тоза мекунанд», кадом замон аст?
Мурод аз ҷой бархоста:
-Ба фикрам пеш аз соли нав муаллим.

***   ***   ***   ***

1 январ. Субҳ зан пеш аз хона баромадан барои шавҳари дар хобби нозбудааш дар варақчае менависад:   
Соли нав муборак!!!
P.S. Оби бодиринг дар яхдон аст.
P.P.S. Яхдон дар ошхона.

***   ***   ***   ***

Субҳи 1 январ ду рафиқ вомехӯранд. Яке ба дигарӣ:
-Хуш,  соли навро чӣ хел гузарондӣ?
-Ростӣ намедонам, ҳоло ба ман нақл накардаанд.

***   ***   ***   ***

Дар ҷашни соли навӣ Бобои барфӣ назди ҳар кӯдак омада аз онҳо мепурсад, ки барояш чӣ тӯҳфа намояд. Вақте пеши Мурод омада суханашро такрор мекунад, ӯ ба фуки Бобои барфӣ як мушти обдор мефурорад.
Бобои барфӣ:
-Э, бача, ин барои чӣ?
-Ин барои соли гузашта, ки дучарха ваъда кардиву то ҳанӯз нарасидааст.

***   ***   ***   ***

Мард ба ҳамсараш як ҳафта қабл аз Соли нав:
-Ҷонакам, агар рафту сафари хидматии ман дароз давом кунад ва ман то соли нав расида омада натавонам, ташкиш нашавед, бароятон ҳатман мактуб менависам.
-Нафиристӣ ҳам мешавад. Ман аллакай он мактубро хондам. Дар кисаи палтоят аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s